
Радиои Тоҷикистон
By Радиои Тоҷикистон
Шунавандагон метавонанд дар инҷо шакли аудиоии гузоришшу барномаҳо ва дигар гуфторҳои радиоро бишнаванд. Ҳамаи сабтҳо моликияти муаллифии радио буда, ҳангоми истифодаи онҳо ишораи муаллиф ҳатмист.

Ролики барқарории ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд
Ролики барқарории ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд
Радиои ТоҷикистонJun 13, 2022
00:00
00:54

Ролики барқарории ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд
Ролики барқарории ҳаракати қатораҳо миёни Душанбе ва Тошканд
Дар асоси мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Узбекистон ба даст омаданд, ҳаракати қатораҳои мусофиркашонӣ дар хатсайри роҳи оҳани Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз 20-уми июни соли 2022 оғоз мегардад.
Мусофирон метавонанд барои сафар таввасути қатора дар масири Душанбе-Самарқанд-Тошканд-Душанбе аз хазинаҳои фуруши чиптаҳои Роҳи оҳани Тоҷикистон чиптаҳоро харидорӣ намоянд.
Jun 13, 202200:54

Амриддин Шарифов: "Толибон ҳуқуқи талаби ҳавопаймо ва чархболҳои мустақар дар Тоҷикистону Узбекистонро надоранд"
Амриддин Шарифов: "Толибон ҳуқуқи талаби ҳавопаймо ва чархболҳои мустақар дар Тоҷикистону Узбекистонро надоранд"
Коршиноси масоили байналмилалӣ Амридин Шарипов рӯзи 14 январ дар барномаи “Бозтоб”-и радиои “Тоҷикистон” гуфт, ки баргардондани чархболу ҳавопаймоҳо таҳдид ба амнияти миллӣ, суботи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва пурзӯр кардани иқтидори террористон ба шумор меравад.
Jan 14, 202202:39

Шикояти бархе аз иштирокчиёни Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баррасӣ нашуд. Чаро ва кӣ масъул аст?
Шикояти бархе аз иштирокчиёни Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баррасӣ нашуд. Чаро ва кӣ масъул аст?
Дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” натиҷагирии доварон пас аз имтиҳони ҳар як бахш сурат мегирифт. Ба ин тариқ ба иштирокчиёне, ки аз натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон норозӣ буданд, имконият дода шуд, то барои хубтар дида баромадани иштирокашон тариқи сабти видеоӣ, апелятсия нависанд. Аммо ба андешаи чанде аз онҳо бовуҷуди асоснок будани апелятсияи навиштаашон аз ҷониби масъулин чорае дида нашудааст.
Dec 15, 202105:47

Бозиҳои олимпии Токио-2020 соати 16 оғоз мешавад
Бозиҳои олимпии Токио-2020 соати 16 оғоз мешавад
Мунтазиру муштоқиҳо хотима ёфт баъд аз дарҳаму барҳамҳо худи имрӯз бозиҳои олимпии Токио 2020 оғоз мешавад. Ҳар як лаҳзаи ин мусобиқа ниёз ба шарҳу тавзеҳ дорад. Соати 16 Олимпиада расман ифтитоҳ шуда, ТВ “Варзиш” ин маросимро мустақиман бозтоб медиҳад.
MORE
Jul 23, 202104:30

Рекорди нав дар ҳарорати ҳаво ва ҳушдории мақомот
Рекорди нав дар ҳарорати ҳаво ва ҳушдории мақомот
Қариб як ҳафта аст, ки дар вилояти хатлон ҳарорати ҳаво аз 39 то 44 дараҷа гарм аст. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар ҷумҳурӣ ин гуна ҳарорат то 10 июл давом мекунад. Бар асосии огоҳии ин ниҳод дар минтақаҳои водибуда ҳарорати ҳаво то 39+44 дараҷа ва дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 45+48 гарм хоҳад шуд. Дар ин давра бо сабаби болоравии ҳарорати ҳаво баландшавии сатҳи оби ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон аз эҳтимол дур нест.
БЕШТАР
Jul 07, 202106:15

Нахустин сафари Яир Лапид ба Аморот ва ифтитоҳи сафоарти Исроил дар Абузабӣ
Нахустин сафари Яир Лапид ба Аморот ва ифтитоҳи сафоарти Исроил дар Абузабӣ
Яир Лапид вазири корҳои хориҷии Исроил 29 июн барои анҷоми як сафари расмии ду рӯза ба даъвати шайх Абдуллоҳ ибн Зоид Оли наҳаён ҳамтои аморотии худ вориди Абӯзабӣ шуд. Ин нахустин сафари расмии як вазири хориҷаи Исроил ба Аморот пас аз одисозии равобити ду кишвар дар августи соли 2020 маҳсуб мешавад.
БЕШТАР
Jun 30, 202104:52

БОЗТОБ#1. Сарвазири Покистон ҳимоят аз Толибонро иштибоҳ донист
БОЗТОБ#1. Сарвазири Покистон ҳимоят аз Толибонро иштибоҳ донист
Мавзӯъҳои барнома:
- Иброҳим Раисӣ президенти нави Эрон – оё сиёсатҳои дохиливу хориҷии Теҳрон таҷдиди назар мешавад?
- Сарвазири Покистон ҳимоят аз Толибонро иштибоҳ донист – нақши Исломобод дар Афғонистон созанда аст ё сузанда?
- Тағйирот ба Кодекси замини ҶТ
- Нархи билет ба самти Русия танзим шуд – аммо билетҳо танҳо барои моҳи август фурӯхта мешавад
- Афзоши қимтаи маводи сухт дар кишвар
БЕШТАР
Jun 24, 202130:13

Набзи сиёсат
Набзи сиёсат
1
Jun 21, 202113:36